Муовини Убайдуллоев гуфт, таъмири роҳҳои Душанбе аз рӯи меъёр нест
Абдулҳақ Оев, муовини шаҳрдори Душанбе оид ба нақлиёт ва коммуникатсия зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» иқрор кард, ки таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳри Душанбе аз рӯи меъёр нест.
Ба гуфтаи Оев тибқи меъёр ҳамасола бояд дар пойтахт 65 киллометр роҳ азнавсозӣ шавад, ки ҳудуди 600 миллион сомониро тақозо мекунад: «Буҷети шаҳр ин имкониятро надорад. Дар баробари роҳ инчунин соҳаҳои дигари иҷтимоӣ астанд, ки бояд маблағгузорӣ шаванд».
Имсол тибқи иттилои Оев азнавсозии 27 киллометр роҳ дар Душанбе дар назар аст, ки гарчанде дар муқоиса бо меъёрҳо камтар аст, нисбати солҳои гузашта ба маротиб зиёд мебошад.
Дар мавриди таъмири ҷории роҳҳо, масъулини шаҳрдорӣ изҳор медоранд, ки он бемайлон давоми сол амалӣ шуда, акнун бо фарорасии гармӣ дучанд шудааст.