Ҳакимов: Ба ягон бонки Тоҷикистон муфлисшавӣ таҳдид намекунад
Дар Тоҷикистон амнияти пасандозҳои мардум пурра таъмин аст, зеро низоми бонкии кишвар устувор буда, дар ҳоли ҳозир ба ягон бонку ташкилоти амонатӣ муфлисшавӣ таҳдид намекунад.
Ин нуқтаро Абдулвосеъ Ҳакимов, сардори Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон изҳор дошт.
Ҳакимов мегӯяд тибқи қонун «Дар бораи пасандози шахсони воқеӣ», ки тобистони соли гузашта қабул гардид, ҳамаи бонку ташкилоте, ки ба ҷалби пасандозҳои мардум машғуланд, ҳатман бояд аъзои Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бошанд:
«Хазинаи суғурта дар ҳолатҳои зарурӣ, аз ҷумла муфлисшавии бонкҳо фавран ҷуброни пасандозҳои мардумро бармегардонад».
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои Ҳакимов ба ҷалби амонатҳои мардуми Тоҷикистон 11 бонки тиҷоратӣ ва 30 ташкилоти амонатии хурд машғул буда, амнияти пасандозҳо дар ин муассисаҳо пурра таъмин аст.