Азам Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ гуфт, ки даври ҳафтуми ҳафтаи иммунизатсияи аврупоӣ бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гузаронида мешавад. Боло бурдани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашавандаро номбурда ҳадафи аслии маросими мазкур унвон кард.
Ба қавли ҷаноби Мирзоев имунизатсия яке аз дарёфтҳои муҳими тибби ҳозира ба ҳисоб меравад. То давраи истифодабарии иммунизатсия ҳамчун усули пешгирии бемориҳои сироятшаванда милионҳо одамон гирифтори бемориҳои гуногуни сироятӣ шуда мефавтиданд. «Ба воситаи имунизатсия инсоният тавонист аз чандин бемориҳои хатарнок раҳо ёбад. Дар навбати дигар бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла бемории фалаҷ дар арафаи маҳвшавӣ қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир, бар зидди қариб 30 намуди бемории сироятшаванда ваксинаҳо истифода бурда мешавад ва 10-15 намуди дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд»,-афзуд муовини вазир.