Давоми ду се рӯзи охир қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, айни ҳол дар ҳудуди 4,8280-4,8540 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки ҳамчунин тайи чанд рӯзи ахир дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар арзиши қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1618-0,1628 сомонӣ ва ба 6,3180-6,3380 сомонӣ баробар шуданд.