Президент ҳамчунин гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми сентябр стипендияи донишҷӯён 2,5 маротиба бештар мешавад. «Агар имрӯз донишҷӯён ба 80 сомонӣ идрорпулӣ бигиранд, пас аз ин баъд ин нишондод то 200 сомонӣ мерасад»,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Илова бар ин нафақаи ҳадди аққал ва ниҳоӣ аз рӯи синну сол набояд аз 150 сомонӣ камтар бошад. Ба гуфтаи президент аз 1-уми сентяби соли равон, нафақаи 180 ҳазор нафар зиёд хоҳад шуд. Вай гуфт, ки дар маҷмӯъ дар кишвар 380 ҳазор нафар нафақа мегирад. Барои зиёд ва таъмин гардонидани нафақаи шаҳрвандон беш аз 350 миллион сомонӣ равона мешавад.
Моҳонаи кормандони муасисаҳои томактабӣ 3 маротиба, иҷтимоӣ то 2 ва бахши фарҳангу тандурустӣ то 10 маротиба баланд карда шавад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президент ҳамчунин Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукро вазифадор кард, ки нақшаи иҷрои андозро сари вақт таъмин намоянд: «Бо мақсади кам кардани хароҷоти давлатӣ ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки дар баъзе идораҳои давлатӣ теъдоди кормандон то 15 дарсад кам карда шавад, зеро, дар беъзе корхонаҳо роҳбар ва зердастон якдигарро намешиносанд, бо ҳам мулоқоте баргузор намекунанд. Бо назардошти такрор нагардидани ишғоли вазифаҳои давлатӣ то моҳи июли соли ҷорӣ ин масъаларо мо ба таҳлил ва баррасӣ мегирем».