Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ҳайати расмии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки аъзои гурӯҳи Бонки исломии рушд мебошад, имтиёзу сабукиҳои пешбинишудаи қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузоронро баррасӣ карданд.
Ҳайати ICD-ро раиси иҷроияи ширкати IJARA Management company Санҷив Чадна, роҳбари минтақавии ICD дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо Самир Тагиев ва директори кулли ширкати лизингии ANSAR leasing (Озарбойҷон) , ки 100 фоиз моликияти Бонки Исломии Рушд мебошад, муаррифӣ намуданд.
Намояндагони ҳайат иброз намуданд, ки бо мақсади таҳлил ва арзёбӣ намудани ҳолати воқеӣ ва муайян намудани имконияту иқтидорҳои бозори бонкдориву лизингии Тоҷикистон омадаанд. Қайд шуд, ки ҳангоми муқаррар гардидани муҳити мусоид дар ин самт дар назар аст, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ширкати лизингӣ таъсис дода шавад.