Дар ин нишаст натоиҷи ҷамъбасти таҳсили магистрҳо дар соли таҳсили 2010-2011, барномаи муштарак барои курсҳои аввали магистрҳо, қабули донишҷӯён, тақсимоти квотаҳои Федератсияи Русия ва бурсҳои Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳо муҳокима гардиданд. Дар ҷаласаи шӯро намояндагони вазоратҳои илму маорифи кишварҳои узви ИДМ, Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳо ва намояндагони донишгоҳҳои 9 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Русия ширкат доштанд.
Ёдрас менамоем, аз Тоҷикистон 2 мактаби олӣ-Донишгоҳи Миллӣ ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон узви Консорсиуми шабакаҳои донишгоҳҳои ИДМ мебошанд.