Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон сафорати ИМА дар Душанбе ба Вазорати мудофиа мошини безараргардонии минаҳо- Mini Mine Wolf тақдим кард.
Дар расми тақдими техникаи мазкур Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Тавре аз сафоратхонаи мазкур ба Озодагон гуфтанд, давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо- Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта, онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ истифода намуд. «Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад. Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни бехавфи безараргардониро бо даққиқияте таъмин менамояд, ки қаламрави тозашуда бидуни санҷиши иловагӣ ҳамчун «поккоришуда» сертификатсия дода шуда метавонад»-афзуд манбаъ.
Харидорӣ ва тақдими мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумати ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ маблағгузорӣ шуда, аз сӯи бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҳамоҳанг шуд.