Ҳудуди 40 муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ кардаанд.
Як манбаи боэътимод, ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки имрӯз бо гурӯҳи муҳоҷирони депортшуда дар фурудгоҳи Душанбе сӯҳбат кардааст. Вай гуфт, аксари ин муҳоҷирон иллати ронда шудани худро намедонанд ва касе ҳам ба онҳо нагуфтааст, ки барои чӣ аз қаламрави Русия берунашон мекунанд. Ҳамсуҳбати Озодагон афзуд, ки чанд тан аз шаҳрвандони ихроҷшуда гуфтаанд, ки мақомоти Русия онҳоро бино ба надоштани қайди ҷои зист дар аснодашон пеш намудаанд, дар ҳоле ки чунин қайдро доштаанд. «Ман худам бо онҳо гап задам. Мегӯянд моро ду ҳазор рублӣ ҷарима карда, баъдан депортатсия карданд»,-илова намуд ӯ. Дар маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабари ихроҷи шаҳрвандони кишварро тасдиқ карданд, аммо изҳор доштанд, ки алъон маълумоти мушаххасе рӯи даст надоранд.