Дар Душанбе анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.
Дар робита имрӯз, 19-уми апрел дар пойтахт нишасти хабарие сурат пазируфт. Талъат Нуъмонов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» зимни суханронӣ гуфт, ки мутаасифона теъдоди ҷавононе, ки дониши хуби иттилоотиву технологӣ доранд, хело кам аст. Бештари ҷавонони имрӯз аз компютер танҳо бозиҳои онро иҷро карда метавонанд: «Бубинед, дар ҳоли ҳозир дар манотиқи гуногуни кишвар интернеткафеҳои зиёде фаъолият мебаранд, ки дар он ҷойҳо ҷавонон бештар ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд. Барои раҳоӣ аз бозиҳое, ки маърифати ҷавононро зиёд намегардонад бо онҳо нияти ҳамкорӣ кардан дорем, то ҷавонон аз пардохтан ба ин гуна бозиҳо даст кашанд». Ба қавли Талъат Нуъмонов, бояд насли наврасро аз бозиҳое, ки суде ба ҳоли онҳо надорад боздорем ва онҳоро ба корҳое ташвиқ кунем, ки ба нафъашон бошад.
Ёдовар мешавем, анҷумани «Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе» 22-уми апрел доир хоҳа шуд.