Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» дидан кард. Дар канори варзишгоҳи мазкур сохтмонҳои иловагӣ барои зиёд намудани ҷои нишаст идома дорад.» Дар ин мавзеъ низ раиси вилоятро суръати корҳои сохтмонӣ қаноатманд карда натавонист. Соат қариби 8-и пагоҳӣ буд, лекин дар ҷойи сохтмон ягон нафар сохтмончӣ машғули кор набуд. Ин саҳлангорӣ ва муносибати масъулони сохтмон раиси вилоятро нороҳат сохт. Ҳамчунин нигаҳдорӣ ва ободонии варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» Қоҳир Расулзодаро нигарон кард. Аз бунёди ин иншооти варзишӣ се сол сипарӣ шуд, вале маъмурияти он то ба ҳол барои ободонии он, гулзор намудани саҳни даромади варзишгоҳ ва шинонидани дарахтҳои ороишию ҳамешасабз ягон тадбир наандешидааст»,-изҳор дошт як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд. Ба иттилои сарчашмаи хабар Қоҳир Расулзода ба роҳбарияти варзишгоҳ супориш дод, ки тамоми корҳои сохтмониро то санаи 20-уми май ба охир расонида, ҳама камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.
-Соли ҷорӣ барои дӯстдорони варзиш боз як иншооти муҳим сохта мешавад. Бо дастгирии раиси вилоят дар поёни корти теннис бори аввал дар вилоят майдони яхи сунъӣ ба андозаи 20х40 сохта мешавад. Ин майдони яхи сунъӣ барои истифодаи васеъи мардум ва ҳамчунин бо мақсади ташкил намудан ва ривоҷу равнақ бахшидани намудҳои варзиши рӯи ях, ба монанди чавгонбозӣ бино мешавад. Раиси вилоят зимни боздид аз мавзеи сохтмон ба масъулин вазифа гузошт, ки корҳоро вусъат бахшида, сохтмони майдони яхи сунъиро то ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонанд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» боздид ба амал овард.