Мубориза бар зидди ҷола дар ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, мушкилоти марбут ба ин ҳодиса рафъ мешавад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, дар робита ба мавзӯъ барномаи давлатӣ оид ба «Барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди ҷолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2012» қабул гардида, айни замон 21 нуқтаи мушакпарронӣ ба корҳои мавсимӣ омода шудаанд. Ба қавли манбаъ, иҷрои нн тадбир имкон медиҳад, ки зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои минтақаҳои Шаҳринав, Ҳисор, Ёвон, Бохтар, Ҷ.Румӣ, як қисми заминҳои ноҳияҳои Ҷилликӯл, Данғара ва шаҳри Турсунзода аз бориши ҷола дар майдони 545 ҳазор гектар ҳифз карда шаванд. Айни замон аз Федератсияи Русия 1000 адад мушаки зидди ҷолаи «Алазан-6» ворид карда шуд, ки ин миқдор барои ҳифзи зироатҳои хоҷагии кишоварзӣ дар соли 2011 пурра басанда аст.