Қирғизҳо дар Суғд чӣ меҷӯянд?
Як гурӯҳи мураккаб аз ҷавонон ва хонандаҳои макотиби миёнаи вилояти Боткени Қирғизистон ба шимоли Тоҷикистон меоянд.
Ҳадафи ин боздид густариши риштаҳои дӯстӣ, саёҳат дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатӣ унвон шудааст.
Сафари дурӯзаи ҳайат 21-юми апрел аз мавзеи Гулистони шаҳри Исфара оғоз мешавад. Ҷавонони кирғизистонӣ бо хонандагони мактаби №42-и шаҳр мулоқот намуда баъдан аз осорхонаи «Шифо» дидан хоҳанд кард. Тибқи барнома меҳмонон бо дастпарварони мактаб-интернати махсуси президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Чкалов низ ҳамсӯҳбат мешаванд. Дар маркази истироҳатию солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони 20-солагии Истиқлолият бошад, барномаи муштараки фарҳангӣ дар назар аст. Рӯзи 22-юми апрел меҳмонон бо осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ, маҷмӯи варзишӣ ва боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» шинос мешаванд.