Дар музофоти Бадахшон 30 ҷангии «Толибон» худро ба нерӯҳои ҳукумат таслим кардаанд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и Афғонистон ҷангиён силоҳи худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ супурда эълон кардаанд, ки ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Гуфта мешавад, тайи ду моҳи ахир дар чорчуби Барномаи оташбас теъдоди зиёди ҷангҷӯён аслиҳаи худро ба замин гузоштаанд. Моҳи март дар вилояти Бағлон беш аз 110 ошубгар ва моҳи март дасти кам 26 ҷангҷӯй ба нерӯҳои ҳукумат таслим шуданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида аз Афғонистон шаби чоршанбе дар музофоти Нангархор амалиёти вижаи зиди «Толибон» анҷом шудааст. Амалиёти мазкурро нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон дар маҳалли Шерзод, ки гуфта мешавад ҷангиён хеле фаъоланд, гузарондаанд. Дар ин амалиёт, ки ҳамчунин аз нерӯҳои ҳавоӣ истифода шудааст, 10 ҷангҷӯй кшта ва 4 каси дигар захм бардоштаанд.