Ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва ҷавонон
«Ҷилавгирӣ аз барангезандаи ВИЧ ва ҷавонон». Таҳти чунин унвон дар Душанбе аз 2-юм то 4-уми июн ҳамойиши вижаи илмӣ-омӯзишӣ доир мегардад.
Ин нишаст дар дафтари донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вазорати маорифи Тоҷикистон ва бо кӯмаки молии бюрои кластерии ЮНЕСКО баргузор мегардад. Зимнан, ин семинар барои устодон ва муаллимони донишкадаҳои олии кишвар роҳандозӣ гардида, тайи ду рӯз иштирокдорони он бо ҷанбаҳои гуногуни психологиву иҷтимоии барангезандаи ВИЧ, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ ва тарғиби ҳаёти солим миёни ҷавонон ошно мешаванд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҳамойиш Зулфия Абдураҳмонова, мудири шӯъбаи барномаҳои таълимии маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим ва ёвари райиси донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон Мадина Дадабоева барномаро барои иштирокчиён муаррифӣ хоҳанд кард.