Дар се моҳаи аввали соли 2012 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 783478,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Тибқи хабари дафтари матбуоти раиси вилоят мизони истеҳсоли саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 116,7 фоизро ташкил кард.
Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар моҳҳои январ-марти соли 2012 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2011 истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, нассоҷӣ ва дўзандагӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб, истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмасӣ таъмин намуданд.
Аз 272 корхонаи саноатӣ 174 ё ки 63,9 фоизи корхонаҳо ба сатҳи истеҳсоли маҳсулоти моҳҳои январ-марти соли 2011 расиданд, 47 корхона (17,3 фоиз) аз дараҷаи соли гузашта кам маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз миқдори умумӣ 51 ё ки 18,8 фоизи корхонаҳо аз сабабҳои камбуди ашёи хом, набудани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда ва дигар сабабҳо кор накарданд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 70,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 23,3 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 6,0 фоизро ташкил дод.