Тоҷикистон бар асари офатҳои табии дар семоҳаи аввали соли равон 2 милиону 342 ҳазору 500 сомонӣ зарар дид.
Тавре Ориф Нозимов сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 155 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139 адад зиёд мебошад. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 14 нафар ҷони худро аз даст дод. Шумораи қурбониёни офати табиӣ дар ҳамин давраи соли гузашта ба 17 нафар расида буд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки семоҳаи аввали соли равон дар натиҷаи зиёд боридани барф ва фаромадани тарма ба 93 адад манзили зисти шаҳрвандон зарари зиёди моддӣ расид, ки 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардид. Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар асоси ҳисоботҳои пешакӣ 2 милиону 342 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2011 бошад, маблағи зарар аз офатҳои табиӣ 181 ҳазору 300 сомонӣ расида буд.