Сеюмин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл», ба кори худ поён дод.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, рўзи 17-уми апрел соати 17:00 дар Театри лўхтаки шањри Душанбе маросими пўшидашавии фестивал барпо гашт. Дар ин маросим Мирзошоњрух Асрорї Вазири фарњанги Тољикистон суханронї намуд ва ба директорони театрњои дар фестивал иштирок намуда дипломњо ва тўњфањои хотиравиро супурд. Дар навбати худ аз пазироӣ ва истиқболи арзандаи мизбонони љашнвора ва тамошочиён арзи сипос намуданд.
Ин ҷашнвораи байналмилалӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардид. Дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумњурии Исломии Эрон бо барномаву намоишномаҳои махсус ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки нахустҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак, ки «Кӯдакон ояндаи сайёра» унвон дошт, моҳи сентябри соли 2007 баргузор шуда буд. Фестивали дуюм соли 2010 номи «Чодари хаёл»-ро гирифт. Ҷашнвораи навбатӣ соли 2014 баргузор хоҳад шуд.