Русия ду сол пеш масъулияти қатли омми Хатинро бар уҳда гирифта буд. Порлумони Русия эълом карда буд, ки мадорики мавҷуд дар бойгонӣ, ки аввалҳои даҳаи 90-ум аз қайди маҳрамона баромад, нишон медиҳад, куштори асирони лаҳистонӣ дар ҷангали Хатин ба дастури Сталин ва дигар раҳбарони вақти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ анҷом шудааст.
Ёдовар мешавем, дар соли 1940 нерӯҳои артиши Сурх ҳудуди 230 ҳазор низомии лаҳистониро боздошт карданд ва 22 ҳазор нафари онҳоро ба фармони Сталин кушта ва дар гӯрҳои дастаҷамъӣ, дар наздикии ҷангали Хатин дар шимоли Русия дафн карданд.