Қариб-ур-раҳмони Саъид масъули умури сиёсии ҳизби исломии Ҳикматёр низ дар ин бора гуфт: Карзай ва Баҳир дар ин дидор илова бар музокираи сулҳ бо давлат, дар мавриди паймони стратегии Кобул-Вашингтон ҳам табодули назар кардаанд. Вай афзуд, ки дар асли тарҳҳои Ҳизби Исломӣ ва Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ихтилофи назар вуҷуд надорад ва фақат баъзе калимаҳои истифода шуда дар ин тарҳҳо бояд бознигарӣ шавад.
Масъули умури сиёсии ҳизби исломии Ҳикматёр ҳамчунин зимни муфид ва созанда хондани мулоқоти ҳайати ин ҳизб бо Салоҳуддин Раббонӣ - раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфт: Салоҳуддин Раббонӣ ҷавони боистеъдод ва солеҳ аст ва мо интизор дорем, ки номбурда барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон нақши муассир иҷро хоҳад кард.
Гуфта мешавад ҳайати ҳизби исломии Ҳикматёр дар сафар ба Афғонистон бо мақомҳои сафорати Фаронса дар Кобул низ дидор кардаанд. Музокироти расмии ҳизби исломии Ҳикматёр ба манзури гуфтугӯҳои сулҳ бо давлати Афғонистон аз ҳафтаи гузашта оғоз шуд.