Ғизои кӯдакон, ки дар Исроил тавлид ва дар манотиқи мухталифи Русия пахш мешуд, дорандаи маводи зарарнок ва хатарнок барои саломати кӯдакон ташхис дода шуд.
Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, дар ғизои биринҷии омодаи "Ремедия" тавлидшуда дар Исроил, ки ба унвони ғизои солим муаррифӣ мешуд, бактерияҳои хатарнок кашф шудааст. Дар ҳамин замина Генадий Онишенко- мудири кули беҳдоштии Русия эълом кард. Ба дунболи ин хабар тамоми захираҳои ин маҳсули ғизоӣ аз марказҳои пахш ва фурӯшгоҳҳои саросари Русия ҷамъоварӣ шудааст.
Бисёре аз коршиносон ва шахсиятҳои Русия муътақиданд, ки Исроил аз роҳҳои мухталиф дар садади заъиф кардани миллат ва давлати Русия аст.