Анҷелина Ҷоли фиристодаи махсуси СММ
Ҳунарманди шинохтаи амрикоӣ Анҷелина Ҷоли фиристодаи махсуси СММ оид ба масоили фирориён таъин гардид. Дар ин бора сомонаи СММ хабар медиҳад.
Аз ин ба баъд Анҷелина Ҷолӣ зери роҳбарии Комисари олии СММ оид ба фирориён Антонио Гутерреса фаъолият хоҳад кард. Дар навиштаи сомонаи СММ омадааст, ки Аҷелина Ҷоли кайҳо боз бо хидматҳои хайриявии худ ба ниёзмандон дар саросари олам кӯмак намудааст ва замони ба ҳайси фиристодаи махсус таъин намудани ӯ фаро расида.
Аз ин ба баъд Анҷелина Ҷолӣ дар қатори пружаҳои хайриявӣ ҳамчунин дидору вохӯриҳо бо намояндагони расмии кишварҳои гуногуни дунё доир хоҳад кард.
Ёдовар мешавад, ки ҳунармади шинохтаи синамо Анҷелина Ҷолӣ қариб 10 сол ҳамчун қосиди иродаи нек дар СММ фаъолият намуда, ба ҳазорон мардуми гуреза кӯмак намудааст.