Имрӯз, 17-уми апрел як гурӯҳ аз хабарнигорон аз муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа дидан карданд.
Дар ин сафар журналистон то ҷое аз вазъи маҳбусон ва шароити зиндагии онҳо огоҳ шуданд. Дидори гурӯҳи журналистон аз қисми хоҷагидорӣ оғоз ёфт. Инҷо зиндониёне фаъолият мекунанд, ки ҷинояти сабук содир намуда ва аз 5 то 7 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ҳамчунин рӯзноманигорон аз шароити хобгоҳ, ошхона ва ҳуҷраи маҳбусон дидан карданд. Дар ин сафар журналистон имкон доштанд, чанд лаҳза бо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди президентӣ, ки дар ду соли ахар дар сархати ВАО қарор дошт, суолу ҷавоб кунанд. Абдурасул аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, ки агар имконият дошта бошанд барои ӯ ва дигар маҳбусон ҳамчун хайрия газета фиристанд. Вай гуфт, охирин матлаби мутолиакардааш дар мавриди Низомхон Ҷӯраев буд. Абдурасул ҳамчунин қайд кард, ки охирон маротиба хоҳари бузургаш ба дидорбинияш омада аст. Вай афзуд, ки 5 вақт намозашро дар маҳбасхона мегузорад.
Ёдовар мешавем, Абдурасул дар миёни 25 маҳбусе буд, ки шаби 22 ба 23 августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фирор карданд. Ӯ баъди ду ҳафта дар Файзобод дастгир шуд.
Муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1939 сохта шуда, нахустин маротиба аст, ки чунин як гурӯҳ аз хабарнигорон аз шароити он аз наздик воқиф мешаванд.
Тафсилоти бештар дар мавриди сафари журналистон ба зиндони мазкур фурсати наздик дар сомонаи Озодагон нашр мешавад.