Дар анҷуман иштироки қариб 100 нафар аз шаҳри Душанбе ва навоҳи атрофии он дар назар аст. Дар давоми як рӯз ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки бо идеяҳои худ оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамдигарро шинос кунанд. Ҳамзамон дар се толор муаррифии истифодаи ТИК дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкории ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар чорабинии мазкур намояндаҳои сохторҳои давлативу хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, таҳиягарони технологияҳои иттилоотӣ, сомонасозон, мутахассисони ВАО-и нав, барномасозон, муаллимон ва онҳое, ки ТИК-ро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд, иштирок мекунанд.
Ҳамчунин, 18 апрел дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» ва 21 апрел дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани «Ҷавонони рақамии вилояти Суғд» баргузор мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои ҷавонон дар маҳалҳо мусоидат мекунад. Дар ин се анҷуман иштироки беш аз 240 нафар дар назар мебошад, ки ин аз теъдоди намояндаҳои Тоҷикистон дар анҷумани порсолаи Осиёи Марказии DYCA бештар аст.
Муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини ин се анҷуман дар Лагери байналмилплии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp), ки моҳи майи соли равон дар Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Ҳамчунин онҳо барои иштирок ба Анҷумани ҳарсолаи кишварҳои Осиёи Марказӣ DYCA даъват мешаванд.
Сабти номи иштирокчиёни анҷумани Душанбе дар сомонаи расмии чорабинӣ https://dyca.centreict.net/ то 20 апрели соли 2012 сурат мегирад.