Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ахиран барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли бонка аз кишвари Чин як хумдон харидорӣ шудааст.
Дастгоҳи мазкур, ки барои тавлиди бонкаҳои як ва ду литра пешбинӣ шудааст, дар корхонаи шишабарории шаҳри Қайроққум насб шудааст. Аллакай 10 ҳазор бонкаи озмоишӣ истеҳсол кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки корхона охири моҳи ҷорӣ расман ифтитоҳ мешавад. «Корхона аллакай бо соҳибкорони ватанӣ барои 3,5 миллион дона бонка шартнома бастааст, ки баъзеашон қисми маблағи онро пешпардохт кардаанд»,-афзуд сарчашмаи хабар.