Шаби 16 ба 17-уми апрел тахминан соати 01:40 дар минтақаи ҷануби шаҳри Маскав биное фурӯ рехт, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 каси дигар ҷароҳат бардошт.
Шахсияти нафари фавткарда ҳанӯз маълум нашудааст. Аз хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон гуфтанд, ки миёни маҷрӯҳон 8 ҳамватани мо низ будааст. Ба иттилои манбаъ Ромиш Абдуллоеви 20 сола ва Аслан Умарови 36 сола феълан дар шифохонаи №15-и шаҳри Маскав муолиҷа мегиранд. Нуриддини Икромзодаи 21 сола ҳамроҳ бо Улмас Мустафоеви 19 сола дар беморхонаи №1-и пойтахти Русия бистариянд. Фахриддин Ашурови 22 сола дар шифохонаи №7, Комрон Ҳалимови 18 сола дар касалхонаи №13, Парвиз Эшмуродови 27 сола ва Аслиддин Ашурови 17 сола бошанд дар пажӯҳишгоҳи ба номи Н.В. Склифосовскии шаҳри Маскав қарор доранд.
«Феълан бо мақсади кӯмак ба осебдидагони тоҷик сафорат мавзӯъро мавриди назорати қатъӣ қарор дода, бо зарардидагон ва намояндагони мақомоти дахлдори шаҳри Маскав пайваста дар тамос мебошад. Аз ҷумла, чанд тан аз кормандони бахши консулии сафорат ба шифохонаҳои пойтахти Русия сафарбар шудаанд»,-афзуд сарчашмаи хабар.