Боз ҳероин мусодира шуд. Ин навбат аз аробачаи маъюбӣ
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт аз дохили аробачаи маъюбӣ як миқдор маводи мухаддир ёфтанд.
Ба Озодагон аз ВКД гуфтанд, ки Азамҷон Саъдуллоев ва завҷааш Ҳабиба Саъдулоева барои нигоҳдории беш аз се кило маводи мухаддир боздошт шудаанд. Азамҷон Саъдуллоев 53 сол дошта, маҷрӯҳи гурӯҳи 1-ум будааст. Зимни кофтукови шахсӣ аз дохили шинаҳои аробаи маҷрӯҳии ӯ 2 килову 17 грамм ҳероин ва 1,2 грамм ҳашиш кашфу забт шудааст. Ба иттилои манбаъ Саъдулллоев аз ин пеш доғи судӣ доштааст.