Сабаби дигар ҳамин аст, ки мактабҳои мо хеле заифанд, он қадар сустанд, ки ба бачаҳо фақат хондану навиштанро ёд медиҳанд. Албатта, шумо шояд гӯед, ки ҳастанд-ку донишҷӯёне ки дар хориҷу инҷову онҷо таҳсил мекунанд. Онҳо литсейҳои хусусӣ ё литсейҳои хуби давлатӣ ё хориҷиро хатм намудаанд. Аз мактабҳои умумӣ баъзан, аҳён аҳён босаводон «мебароянд».
Мактаб ҳамон вақт мактаб ном мегирад, ки дар бача шавқу ҳаваси хонданро бедор кунад. Яъне бесаводии кӯдакон аз бесаводии муаллимон аст. Мо бисёр вақт аз ҳад зиёд худро таъриф мекунем. Омӯзгорони мактабҳои мо хеле бесаводанд. Дар як мактаб дидам, ки муаллимае, ки зиёда аз сӣ сол дарс гуфтааст, дар навиштани болои як дафтари шогирдаш шаш хато содир кардааст.
Барои мутолиаи идомаи сӯҳбати нависанда Азизи Азиз ба ин нишонӣ биравед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16336