Ли Гюн Хван дар клубҳои «Тэчжон Ситизен» ва «Сувон Самсунг Блюуингз»-и Кореяи Ҷанубӣ бозӣ кардааст. Соли 2011 зимни таҳқиқоти бозиҳои фурӯхташуда дар мусобиқаҳои Корея Хван иқрор кард, ки дар чунин дидорҳо ширкат дошт. Баъди ин ӯро то охири умр аз ширкат дар бозиҳо манъ намуда, шартан се сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар маҷмӯъ қазияи бозиҳои фурӯхташуда 57 нафарро фаро мегирифт, ки 46 нафари онҳо футболбозони собиқ ва амалкунанда буданд.
Ли Гюн Хван чорумин нафаре дар ин қазия аст, ки худкушӣ мекунад. Моҳи майи соли 2011 Ҷон Чон Кван, нимҳимоятгари 29 сола худро овехт. Моҳи октябри соли 2011 Ли Су Чхол, мураббии яке аз дастаҳо худкушӣ кард. Ҳамчунин Юн Ки Вон, дарвозабони тими «Инчхон Юнайтед» ба ҷони худ қасд намуд.