Беш аз чоряки ҷавонони ба хидмати ҳарбӣ давъатшавандаи вилояти Суғд ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел шуданд.
Аз хадамоти матбуотии роҳбари вилоят ба Озодагон гуфтанд, ки ноҳияи Спитамен дар самти иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ пешсаф аст. Комисариати ҳарбии ноҳия нақшаро ба ҳадди 50,5 дар сад иҷро кардааст. Ноҳияи Зафаробод 48,7 фисад ва Истиқлолу Ҷаббор Расулов 40% ба иҷрои нақша муваффақ шудаанд. Нишондоди шаҳру навоҳии дигар чуни наст: Ғончӣ 32%, Истаравшан 30,2%, Айнӣ 28,6% ва Ашт 27,6%. Нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ба 24,2% мерасад.
«Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи даъвати навбати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ давоми моҳҳои апрел-майи соли 2012» шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба сини 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд»,-афзуд манбаъ.
Мавриди тазаккур аст, даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, аз 1-уми апрел то 30 майи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.