Қарор аст, баъди се рӯз, 20-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кунад.
Паёми солонаи президент дар иҷлосияи муштараки палатаи поёнӣ ва болоии парлумон пешниҳод мегардад. Дар ин ҷаласа одатан райисҷумҳур муҳимтарин бахшҳои кишварро ба баррасӣ гирифта, роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро пешниҳод мекунад.
Ёдовар мешавем, парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси олӣ аз ду палата- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мураккаб шудааст. Палатаи болоӣ 33 узв ва палатаи поёнӣ 63 вакил дорад.