Дар маҷмӯъ барои дубора ба корзори интихоботӣ рафтани Обама 567 ҳазор нафар маблағ додаанд. Аз ин теъдод 190 ҳазор нафар бори аввал дар чунин маросим ширкат доштанд. Маблағи миёна 51 долар муаяйн шуда, 97 дарсад ба маблағи 250 долларӣ хайр кардаанд.
Дар муқоиса бо моҳи феврал мизони пулҷамъоварӣ дар моҳи март ба маротиб бештар будааст. Ситоди интихоботии Обама дар моҳи феврал 45 миллион доллар ҷамъ кард. Ҳамчунин се моҳи охири соли 2011 ситоди интихоботӣ камтар аз 25 миллион долларӣ ҷамъ мекард.
Бино бар иттилои Associated Press то имрӯз намояндагони Обама барои интихоботи соли ҷорӣ 350 миллион доллар гирд овардаанд.
Маврид ба зикр аст, интихоботи раёсатҷумҳур дар ИМА 6-уми ноябри соли 2012 баргузор мешавад.