Рӯзҳои наздик аз вилояти Тюмен ҷасади ду тоҷикро ба Ватан меоранд.
14-уми апрел аз рустои Старий Уренгои ноҳияи Пуровский ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, шахсияти мақтулон аллакай маълум шудааст. Инҳо Саъдулло Алиеви 41 сола сокини шаҳри Душанбе ва Сайкомил Носирови 23 сола сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ будаанд.
Бино ба иттилои бародари яке аз марҳумон, Саъдуллову Сайкомил дар вагони ҷои истиқоматашон кушта шудаанд.
Феълан, вобаста ба ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии кумитаи тафтишотии ноҳияи Пуровский фаъолият мебарад.
«Ҷасади Саъдулло Алиев ва Носиров Сайкомил рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Дар робита кормандони сафорат бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони вилояти Тюмен ва Сургут дар иртибот ва ҳамоҳангӣ қарор доранд»,-афзуд манбаъ.