Бино ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин, тамоми ҳисобкуниҳои марбут ба захираҳои ҳатмӣ ба санаи 1-уми апрели соли равон тибқи қарори мазкур амалӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамбасти солона Малоҳат Холиқзода, намояндаи БМТ қайд карда буд, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан дар сатҳи 7,0 ва 9,0 фоиз бетағйир мондаанд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ 3,8 миллард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин рӯзи соли қаблӣ 28,0 фоиз афзуд.