18 апрел нахустин маротиба дар вилояти Хатлон анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) баргузор мешавад.
Анҷумани мазкур зери унвони «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» дар базаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ҷараён мегирад. Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад хабар доданд, ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи ТИК барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар анҷуман наздики 100 донишҷӯ, омӯзгор ва ҷавонони фаъоли ҷануби кишвар иштирок хоҳанд кард. Аз онҳо 20 нафар лоиҳаву идеяҳои худро оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумлаи истифодаи ТИК дар ВАО, дар рушди иқтисодӣ, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф муаррифӣ мекунанд.
Муаллифони се лоиҳаи беҳтарин, ки ҳакамон муайян мекунанд, аз ҷониби кумитаи тадорукоти анҷуман мукофотонида мешавад. Ҳамчунин онҳо имконияти иштирок дар Лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp)-ро, ки моҳи майи соли равон дар Қазоқистон баргузор мегардад, пайдо мекунанд.
Анҷумани мазкурро намояндагии СҶ «Ҷавонони асри 21» дар Кӯлоб дар ҳамшарикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Маркази ҷавонону фарҳанги Кӯлоб ва ширкати «Мегафони Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.