Сабукрави «БМВ 135» дар пойтахт ду занро зер кард.
Аз РБДА ВКД-и Тоҷикистон ба Озодагон гуфтанд, ки Беҳрӯз Тошбеков, ронандаи «БМВ 135» аснои ҳаракат ба самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар рӯ ба рӯи бинои № 6 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Сафаргул Ташриповаи 45 сола ва Изолат Назароваи 29 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он ду нафар ҷони худро аз даст дода, ду тани дигар дар касалхона бистарӣ гаштаанд.