Ба қавли Азам Мирзоев, мувини вазири тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳаи тандурустиро ба ташвиш овардааст, ин паҳншавии бемории «Гелментӣ» аст. «Бемориҳои «Гелметӣ» нишонаҳои на он қадар намоён доранд ва мутаасифона сабаби пайдошавии касалиҳои дигар гашта метавонанд. Мавҷудияти гелментҳо дар вуҷуди кӯдакон боиси сустшавии инкишофи ҷисмониву ақлонии онҳо гашта бахусус ба қобилияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ мерасонад»,-афзуд номбурда.
Аъзам Мирзоев ҳамчунин таъкид намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои геминтологӣ дар соли 2011 миёни кӯдакон маълум гардид, ки зиёда аз 50 дарсади атфоли сини то 14 солаи тоҷикро кирми рӯдаю меъда сироят кардааст. Аз ин лиҳоз аз ҷониби ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия мешавад, ки агар бемории «Гелминтоз» аз 50 фисад зиёд бошад, бояд маъракаи умумиҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Мақсад аз гузаронидани бекирмгардонӣ дар он аст, ки камхунӣ дар байни кӯдакон коҳиш ва иммунитети кӯдакон боло бурда шавад.