Як зани тоҷик ҳамроҳ бо ду фарзандаш бар асари оташсӯзӣ дар Русия ба ҳалокат расидаанд.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон гуфтанд, ки ҳодиса дар ноҳияи Ломоносови шаҳри Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ Муҳаббат Аъзамова, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Конибодом ва фарзандонаш Тахмина (соли таваллудаш 7.05. 2010) ва Рамазон (соли таваллудаш 27.08.2011) дар пайи оташ гирифтани манзили зист ҷони худро аз даст додаанд. Сарчашмаи хабар сабаби сӯхторро нуқси асбоби гармидиҳӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ унвон намуд. Аммо тибқи баъзе маълумотҳои дигар, ки дар расонаҳо нашр шудааст, манзилро муҳоҷирони узбак, ки ҳамчунин онҷо иҷоранишин будаанд, баъди як низоъе оташ задаанд. Гуфта мешавад, аз рӯйи ҳодиса кормандони Раёсати шаҳрии корҳои дохилии Санкт-Петербург тафтишот мебаранд.
«Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои интиқоли ҷасади фавтидагон ба кормандони намояндагии ин хадамот дар Русия дастур додааст»,-афзуд манбаъ.