67 кило ҳашиш мусодира шуд. Дар Душанбе
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт зимни як амалиёт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, кормандони милиса дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Давлат Маҳмадалиеви 24 соларо нигоҳ медоранд. Зимни азназаргузаронии сабукрав аз дохили бағоҷи он маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира мегардад, ки вазни он 67 килову 275 грамм будааст.