Дар назар аст, фардо, 17-уми апрел интиқоли сузишвории кабуди Ӯзбакистон ба Тоҷикистон оғоз шавад. Аз ширкати “Тоҷиктрансгаз” ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки тибқи ваъда мебоист, ҳамсоякишвар имрӯз интиқоли газро шурӯъ мекард, аммо бо сабабҳои номаълум онро ба як рӯзи баъд гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол ширкати "Узтрансгаз" дар торнамои худ навиштааст, ки рӯзи 16-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро оғоз кардааст. Гуфта мешавад, 11-уми апрел миёни "Узтрансгаз" ва "Тоҷиктрансгаз" ҷиҳати интиқоли сузишвории кабуд қарордод имзо шудааст. Тибқи ин тавофуқнома мебоист, 16-уми апрел Тоҷикистон гази ҳамсоякишварро дарёфт мекард.
Ёдовар мешавем, “Узтрансгаз” бо ирсоли номае ба ҳамтоёни тоҷикашон наввишта буданд, ки шурӯъ аз 1-уми апрел интиқоли газро қатъ мекунанд. Далели ин амалро онҳо ба афзоиши ҳаҷми интиқоли газ ба Чин ва Русия маънидод карданд.