Беш аз 400 зиндонӣ аз як маҳбас дар шимолу ғарби Покистон фирор карданд.
Ба иттилои хабарнигори эронии Озодагон, зиёда аз 150 марди мусаллаҳ бо ҳамла ба маҳбасе дар Шаҳри Бану беш аз 400 зиндониро озод карданд. Ин ҳамла соати 1:00-и шаби якшанбе ба вақти маҳаллӣ рӯй дод ва ҳудуди ду соат тул кашид. Ба гуфтаи мақомоти зиндон дар маҳбаси шаҳри бану ҳудуи ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.
Як мақоми аршади пулиси Покистон рӯзи якшанбе гуфт, ки аксари зиндониёни фирорӣ аъзои Толибон ва гурӯҳи Ал-қоида будаанд.
Сухангӯи Толибони Афғонистон гуфтааст, ки садҳо зиндонӣ дар пайи ҳамла ба Бану озод шуданд. Вай афзуд, ки «аъзои гурӯҳи мо ба ҳадафи ниҳоии худ , ки озодии узви зиндонии Толибон буд, даст ёфтанд».