Як сокини шаҳри Чкаловск бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои тақаллубӣ ба даст афтод.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, Далер Ҳамроевро дар пайи амалиёти вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин сокини 30 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров қасд доштааст, бар ивази 4000 доллари қалбакӣ сабукрави тамғаи «БМВ»-и Бахтиёр Бобоҷонови 28 соларо бихарад. Зимни ташхис маълум мешавад, ки долларҳо бо истифодаи таҷҳизоти компютерӣ омода шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Далер Ҳамроев қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 334-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.