Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон бо ишора ба тавонмандиҳои Эрон дар истифода аз энержии сулҳомези ҳастаӣ бо такя бар зарфиятҳои бумӣ таъкид кард, ки Эрон метавонад ба як намунаи муваффақ аз шиори "Энержии ҳастаӣ барои ҳама; силоҳи ҳастаӣ барои ҳеҷ кас !" барои тамомии кишварҳо бошад.
Катрин Штон, масъули Сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ пас аз поёни музокирот зимни муфид ва созанда хондани музокироти Истанбул изофа кард: «Мо итминон ёфтем, ки Эрон ҷиддӣ аст ва бояд ба илзомоти байналмиллалӣ пойбанд бошад. Хонум Штон таъкид кард, ки Эрон бояд ҳақи бархӯрдорӣ аз барномаи ҳастаии сулҳомезро дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси тавофуқоти Истанбул, даври баъдии музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 23-юми моҳи май дар Бағдод, пойтахти Ироқ баргузор хоҳад шуд.