Мудири ширкати миллии содироти гази Эрон эълом кард, ки кишвараш барои содироти гази табиӣ ба Тоҷикистон омодагӣ дорад.
Ба гузориши хабарнигори Озодагон аз Эрон, Ҳусайни Бедормағз рӯзи якшанбе, 15-уми апрел дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр дар бораи тарҳи пешниҳодии Душанбе барои воридоти гази табиии Эрон ба Тоҷикистон гуфт: «Дар ҳоли ҳозир барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ музокироти байни ду кишвар идома дорад». Мудири ширкати миллии содироти гази Эрон афзуд, ки пештар музокироти байни ду кишвар барои содироти гази табии анҷом шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон илова бар музокира бо Эрон, музокироте ҳам бо Туркманистон барои воридоти гази табиӣ анҷом додаанд.
Ӯзбакистон ба унвони ягона содиркунандаи гази табиӣ ба Тоҷикистон ахиран бо баҳонаи афзоиши интиқоли газаш ба Чин шурӯъ аз 1-уми апрел содироти газ ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард.