Субҳи рӯзи 14-уми апрел ҷангиёни толиб бо хумпора ба сафоратхонаҳои Амрико, Бритониё, Олмон ва намояндагии НАТО дар пойтахти Афғонистон ҳамла карданд ва ҳамчунин ҳафт таркиши маҳиб Кобулро ба ларза даровард.
Ҳамзамон бо ҳамлаи Кобул чор терористи дигар дар Ҷалолобод қасди мунфаҷир кардани фурудгоҳи ин шаҳрро доштанд, ки бо дахолати пулис се террорист боздошт ва танҳо як нафари онҳо камарбанди инфиҷории худро мунфаҷир кард. Аз талафоти инфиҷор дар Ҷалолобод то ҳанӯз иттилое дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, вилоятҳои Нангарҳор ва Пактиё дар шарқи Афғонистон низ рӯзи якшанбе ҳадафи ҳамлаи терористӣ қарор гирифтанд. Руҳуллоҳи Самун, сухангӯи волии вилояти Пактиё эълом кард, ки даргирии шадиде байни аъзои Толибон ва пулиси афғон дар маркази ин вилоят дар ҷараён аст.
Ҳамлаи густурдаи гурӯҳи Толибон дар ҳоле оғоз шудааст, ки рӯзи шанбе Салоҳуддин Раббонӣ ба унвони Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон тайин шуд ва ҳайате низ аз Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр барои анҷоми музокираи расмӣ бо давлати Кобул дар пойтахти ин кишвар ба сар мебарад.