Тавре аз маркази матбуотии мири пойтахт хабар доданд, дар қатори Душанбе ҳамчунин шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марракеш (Марокко), Найроби (Кения), Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) макони тадбиқи Иқдомоти Глобалии СММ интихоб гардидаанд.
Роҳандозии Барномаи мазкур дар марҳилаи аввал таи ду соли пешоянд расидан ба ҳадафҳои беҳсозии омор оид ба хушунат нисбати кӯдакон, ҷавонон ва занон, иттилоъдорӣ ва баланд бардоштани ӯҳдадориҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон ва ҷавонон, зиёд намудани захираву нерӯҳои сафарбаршаванда барои ҳимояи занону кӯдакон дар ноҳияҳои гирифтор ба мушкилиро пайгирӣ менамояд.
Баҳри максаднок амалисозии Барномаи мазкур 8-11 майи соли 2012 дар шаҳри Найроби (Кения) ҷаласаи мушоваравии шаҳрҳои интихобгардидаи Иқдомоти Глобалии СММ дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» баргузор мешавад. Душанберо дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев ва директори муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» - Шаҳло Ҷӯраева намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, пойтахти Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи Шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи амалакунандаи интихоби институтҳои СММ- мавҷудияти ӯҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор ва институти намояндагии маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳи хоса дар шаффофияти фаъолият ва таҷрибаҳои муваффақонаи агентиҳои Занон, Хазинаии Кӯдакон ва Хабитат дар он ҳам гардидааст.