Кушта шудани 30 узви ҳаракати Толибон
Шумори куштаҳои Толибон дар амалиёти нерӯҳои давлатии Афғонистон ба 30 тан расид.
Ба гузориши Осошейтд пресс, сухангӯи вилояти Нуристони Афғонистон эълом кард, ки дар амалиёти нерӯҳои артиши ин кишвар, ки аз рӯзи панҷшанбе дар минтақаи Комдеши ин вилоят оғоз шудааст, то кунун 30 узви Толибон кушта ва ҳади ақал 30 тани дигар захмӣ шудаанд.
Муҳаммад Зорин афзуд: дар ин даргириҳои се рӯза ду тан аз ҷумла як пулис кушта ва чаҳор нерӯи давлатӣ ва як зан низ маҷрӯҳ шудаанд.