Ба гуфтаи манбаъ солҳои охир онҳо барқи «Сангтӯда-1»-ро қиммат харида, арзон мефурӯхтанд: «Аз 1-уми январи соли 2010 то 1-уми апрели соли 2012 арзиши барқ дар Тоҷикистон боло нарафта буд. Таи ин муддат «Барқи тоҷик» аз «Сангтӯда-1» барқро мувофиқи арзиши аслии он, ки ҳар сол боло мерафт, харидорӣ мекард. Дар натиҷа қарздории «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳ ба вуҷуд омад».
Дар ҳоли ҳозир «Барқи тоҷик» калонтарин ширкати қарздор дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми қарзаш танҳо дар назди «Сангтӯда-1» 218 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷиҳати рӯёндани қарз дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ «Сангтӯда-1» аввали соли ҷорӣ ба суд муроҷиат намуда, ҳафтаи равон дар баҳси судӣ бар ширкати «Барқи тоҷик» ғолиб омад. Дар мавриди қарори суд, масъулини «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки бечунучаро тибқи ҷадвали муайяннамудаи додгоҳ, 5 миллион ва қарзҳои боқимондаи дигарро пардохт хоҳанд кард.
Ба суол, ки чаро нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз садҳо миллион қарзаш тавассути суд танҳо 5 миллионро тақозо кардаст, масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ҷавоб доданд, ки ба хароҷоти судӣ робита дорад. Ба гуфтаи масъулини «Барқи тоҷик» дар сурати мағлубият «Сангтӯда-1»-ро зарур мебуд, ки 2 фоизи маблағи тақозонамударо, ҳамчун боҷи судӣ пардохт намояд.
Аммо акнун тибқи қарори суд, пардохти хароҷоти судӣ, ҳам ки 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба дӯши ширкати «Барқи тоҷик» вогузор шудаст.
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки болоравии нархи барқ дар Тоҷикистон, ки 1-уми апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, вазъи молиявии ширкатро беҳтар карда, имкон медиҳад, ки қарздориҳои ширкат ҳар чи тезтар рӯйпӯш гарданд.