Фуод Иброҳим афзуд: «Давлати Арабистон, ки ба масъулиятҳои худ амал намекунад, масъули бӯҳрон ва мушкилоти ин кишвар аст ва барои ҳаллу фасли ин бӯҳрон танҳо аз роҳи низомӣ ва амниятӣ истифода мекунад».
Ба гуфтаи ин коршинос хонадони Оли Саъуд дар бархӯрд бо эътирозҳои донишҷӯӣ ва мардумӣ, ҳар бор иштибоҳоти гузаштаро такрор мекунад ва дар натиҷа ҳаҷми эътирозҳо дар манотиқи дигар афзоиш меёбад.
Нерӯҳои амниятии Арабистон ахиран ба гирдиҳамоии донишҷӯён дар шаҳри Табук ҳамла карданд, ки бар асари он панҷ донишҷӯ захмӣ шуд. Ин гирдиҳамоӣ дар эътироз ба рафтори табъизомези масъулон ва устодони Донишгоҳ баргузор шуда буд.
Чанде пеш низ, нерӯҳои амниятии Арабистон ба тазоҳуроти донишҷӯёни Донишгоҳи Абҳо, дар шимоли ин кишвар ҳамла карданд, ки сабаби кушта шудани як духтар ва захмӣ гардидани 53 муҳассили дигар шуд.