"Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки ҷилди нахустини он чанде пеш ба дасти хонандагон расид, мутаассифона, гувоҳи пасрафти фарҳангнигорӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад.Ин фарҳанг ҳам чун фарҳанги қаблии тафсирӣ, ки низ маҳсули илмии кормандони ҳамин Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буда ва боиси интиқодҳои шадид гардид, балки бештар аз он анборе пур аз ғалату хатост.
(Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди 1. Тартибдиҳандагон Назарзода С., Каримов С., Файзиев С. Душанбе, нашриёти "Шарқи озод", 2011)
Сад ҳазорон дафтари маънӣ навиштам солҳо,
Хат ғалат, маъно ғалат, имло ғалат, иншо ғалат.
(Фигорӣ)
Фарҳангнигорӣ, ки шояд тавон гуфт, аз душвортарин улуми риштаи филологӣ аст, ҳамзамон бештар аз дигар илмҳои ин ришта - сарфу наҳв, адабиётшиносӣ ва бахшҳои он чун улуми бадеъ, вазну қофия ва ғайра, нақди адабӣ, матншиносӣ, пажуҳиши эҷодиёти шифоҳӣ ва ғ. аҳаммияти амалӣ дорад. Гузашта аз ин, бар хилофи улуми дигари ришта, ки натиҷа ва ҳосили таҳқиқашон бештар ба мутахассисон, донишмандон ва хонандагони сатҳи маърифаташон нисбатан баланд пешниҳод мешаванд, фарҳанг барои умуми мардум аст, фарҳанг китоби рӯимизии ҳар фарди миллат аст. Яъне, таълифу тадвини фарҳанг масъулияти басо бештар мехоҳад; агар хуб асту саҳеҳу дақиқ, ба рушди маънавии афроди ҷомиа ва низ ба покизагӣ ва рушди забони миллӣ мусоидат мекунад, вале агар мамлу аз саҳву иштибоҳ ва таҳрифу хатову ғалат аст, хонандагонро саргум мекунад ва ба таназзул ва ҳатто масхи забони модарӣ мунҷар мешавад.
"Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки ҷилди нахустини он чанде пеш ба дасти хонандагон расид, мутаассифона, гувоҳи пасрафти фарҳангнигорӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад. Ин фарҳанг ҳам чун фарҳанги қаблии тафсирӣ, ки низ маҳсули илмии кормандони ҳамин Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буда ва боиси интиқодҳои шадид гардид, балки бештар аз он анборе пур аз ғалату хатост.
Ин аст, ки ман аз одати маъмул ва роиҷи нақди китоб дар Тоҷикистон, ки агар тақриз мусбат ва таърифист, дар охир, пас аз "вале" ("аммо", "лекин") чанд нақси онро низ, ки "ба ҳеч ваҷҳ аз қимати китоб накостааст", бармешуморанд ва агар интиқодист, дар оғоз чанд сифаташро низ мегӯянд, даст кашидам. Чун номукаммалиҳои "Фарҳанги мукаммал…" он қадар бисёр ва он қадар хатарзост, ки андак сифати мусбаташ дар сояи анбӯҳи ғалатҳояш қарор мегирад.
Муаллифони фарҳанг муҳимтарин аслҳои фарҳангнигориро муроот накарда ва ё амдан онҳоро вайрон кардаанд ва муҳаррирони масъулаш низ гӯё ин адами муроъот ва таҳрифотро надидаанд.
ҲАВЛӣ ҲАЛВО НЕСТ
Андар вожаҳои ғалат
Муаллифон дар мавридҳои зиёд асли муҳимтарини фарҳангнигорӣ - яъне сабти дурусти калимаҳоро риоят накардаанд. Ин амр, зоҳиран, ба ду сабаб рух додааст: надонистани гунаи дурусти калима ва пайравӣ аз муҳовараи авом, забони матбуот ва адабиёти муосир. Чунончи, вожаи арабии
"ибдоъ"-ро ба гунаи
"абдоъ" овардаанд ва низ аз маъонии сершумори он танҳо бо зикри ду маънӣ "1. Навоварӣ, ихтироъот. 2. Халқ кардан, сохтан" иктифо кардаанд. Ва ҳам
"идбор"-и арабиро ба гунаи ғалати
"адбор" сабт карда ва низ барғалат гумон бурдаанд, ки
"идбор" вожаи дигар аст, чун зайли
"адбор" бо ишораи "муқоиса кунед" хонандагонро ба
"идбор" ирҷоъ додаанд. Ва ё сайёраи
Уторид дар ҳамаи моддаҳои луғавӣ ва ҳамаи 9 шоҳиди шеърии он, ки ҳаштояш аз адабиёти классикист (яъне, онҳо ба кириллӣ нанавиштаанд!) ба гунаи ғалати
Аторуд омадааст. Аммо дар бархе шоҳидҳои моддаҳои луғавии дигари фарҳанг ин ғалатро "фаромӯш карда" онро ба шакли саҳеҳ овардаанд ва гумон мекунам, сабаб он буда, ки дар ин мавридҳо шоҳидҳоро аз матнҳои дурусти кириллӣ гирифтаанд ва ё шояд ин шоҳидҳоро замоне нафари хушсаводтаре ба ҳуруфи кириллӣ баргардонида будааст.
"Иёлат"-ро ҳам ба шакли ғалати
"аёлат" оварда, шарҳи онро ба
"иёлат" ҳавола кардаанд ва ду мисол овардаанд, ки яке аз "Равзатуссафо" ва дигар аз А. Мирзоев аст. Мумкин аст, воқеан А. Мирзоев ин калимаро ба гунаи хато навишта бошад, вале туҳмати нодонӣ задан ба Мирхонд чаро?! Лозим ба таъкид медонам, ки ҳатто хабарнигорони тоҷик, ки бештаринашон забони модарии худро дуруст намедонанд, бо ин ҳол ин калимаро дуруст истифода мекунанд: ИМА.
Бояд гуфт, яке аз сабабҳои умдаи иштиҳор ва интишори гунаи ғалати калимаҳо дар забони муосири тоҷикӣ дар зарфи даҳ сол ду бор иваз шудани алифбои тоҷикӣ, аввалан аз форсии арабӣ ба лотинӣ ва баъдан аз лотинӣ ба кириллии русӣ аст. Азбаски иваз шудани алифбо дар Тоҷикистон ҳамзамон бо табъиду куштори зиёиёни хушсаводи тоҷик сурат гирифта буд ва зимоми кори матбуот бештар дар дасти камсаводон ва нимчамуллоҳо қарор дошт, эшон бисёр вожаҳоро ба гунае, ки худ медонистанд ва ё дар гӯйиши зодгоҳашон роиҷ буд, навиштан гирифтанд ва наслҳои баъдӣ, ки ҷуз ба алифбои кириллӣ чашми хат надоштанд, ин вожаҳоро ба ҳамон гунаи хатову ғалат ба хотира супурданд, ҳамон тавр гуфтанду навиштанд ва хатои як кас ва як гурӯҳ хатои умум ва ҳамагонӣ шуд ва бадбахтиро, ки муддаъиёни бесавод ва ё сиёсатолудаи се забон будани забони модарии мо, гоҳе аз ин ғалатҳо ба унвони "фарқи миёни тоҷикӣ бо форсӣ ва дарӣ" ёд мекунанд. Вале, ҳоло маҷоли ин баҳс нест, мақсудам ин аст, ки бигӯям, яке аз вазифаҳои асосии фарҳанги тафсирӣ нишон додани гунаи хатои вожаҳо ва пешгирӣ аз истеъмоли онҳо низ ҳаст.
Ва аммо баръакс муаллифони "Фарҳанги мукаммал…" гунаи таҳрифшуда ва ғалати ин калимаҳоро чун моддаи чудогонаи луғавӣ сабт карда ва ба тасдиқи ин ғалатҳо шоҳидҳои ғалат оварда, хостаанд ин ғалатҳоро қонунӣ кунанд ва ин хатоҳоро савоб бигардонанд. Намунаи инчунин ғалатҳо дар фарҳанг "авқот",
"авф" ва
"аёл" аст. Зайли моддаи
"авқот" овардаанд: "аслаш ақвот аст, ки дар гуфтугӯ ба шакли танҳо кор фармуда мешавад". Ва дарди бахайр буд, агар бо ҳамин иктифо мекарданд, аммо иктифо накардаанд, балки боз 5 калимаи сохташуда бо
"авқот" ва ду таркиб бо онро низ сабт карда, барои шарҳ cе шоҳид аз С. Улуғзода, Р.Ҷалил ва П. Толис ҳам овардаанд. Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ ғалат будани ин вожаро таъкид карда буд, аммо чи кунем, ки шогирдонаш ғалати авомро такрор кардаанд.
Ва аммо зайли
"авф" омадааст: "шакли ҷойивазнамудаи афв". Ва бо ин вожаи ғалат низ 8 таркибу ибора ва 5 шоҳид овардаанд.
"Аёл"-ро низ бо ишораи он ки аслаш
"иёл" аст овардаанд ва боз 19 калима ва ибораю таркиби
"аёл"-дорро аз паси он қатор кардаанд. Ин ки
"иёл"-ро
"аёл" овардаанд, албатта хатост, вале ин ки дар матнҳои классикӣ низ вожаро ба гунаи хато хондаанд, на фақат хато, ки гуноҳ ва туҳмат ҳам ҳаст. Аз 16 шоҳиде, ки барои ин калима ва ибораҳо сабт кардаанд, 11-тои он ба адибони классик мутааллиқ аст, ки ба ҳеч ваҷҳ ин вожаро
"аёл" намедонистанд ва намегуфтанд, яъне ин ҷо ҳам муаллифони фарҳанг ба Н.Хусрав, Саъдӣ, Низомӣ, Байҳакӣ, Хоқонӣ, Малеҳо туҳмати бесаводӣ бастаанд. Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ ҳам, ки яке аз мисолҳо аз ӯст, дар мадраса арабӣ омӯхта буд ва ба алифбои арабӣ менавишт ва гунаи дурусти калимаро албатта медонист.
"Уъҷуба"-ро низ дар пайравӣ аз забони матбуоти тоҷик, ки бештар онро ба гунаи ғалат сабт мекунанд
"аъҷуба" овардаанд ва агарчи зикр кардаанд "аслаш уъҷуба" аст, вале панҷ шоҳид, ки овардаанд, ҳама аз касонест, ки шакли дурусти вожаро медонистанду менавиштанд (Низомии Арӯзӣ, Ҷомӣ, Файзӣ, Восифӣ).
Дар шарҳи ҷумлаи дуъоии
"аззаваҷал(л)" овардаанд, ки "аслаш азза ва ҷалла". Намедонам асл кадом аст, вале ин қадар донам, ки ин ҷумла дар арабӣ ва ҳам матнҳои классикии форсӣ ба ду гуна омад ва дар ҳуруфи кириллӣ ҳарду яксон навишта мешавад. Вале суол ин аст, ки модом ки асли ҷумла
"азза ва ҷалла" аст, чаро гунаи ғайриаслро тарҷеҳ додаанд ва аслро наовардаанд?!
Муаллифони фарҳанг агар дар навишти чаҳор вожаи фавқ ба авом тақлид кардаанд, пас
"унноб"-ро худ "анноб" кардаанд:
"Анноб (аслаш унноб). Аз муаллифон бояд пурсид, ки
"унноб" аз кадом замоне
"анноб" шуда? Ва чун маълум нест ин пурсишро посух мегӯянд, ё не, ҳадси худро меоварем, ки шояд ин амр дар давоми 42 соли пас аз нашри "Фарҳанги забони тоҷикӣ" рух дода бошад, чун дар ин фарҳанг шакли саҳеҳи вожаро (
"унноб") овардаанд. Ва низ гунаи сифатии вожа -
"уннобӣ" дар чистоне аз Рӯдакӣ, ки забонзад аст, ҳама ҷо ба гунаи дуруст навишта шудааст. Дар ин сурат Хоқониву Фирдавсиро, албатта, ба нодонии худ шарик кардан хуб нест!
"Аждод" ба унвони моддаи луғавӣ омадааст, вале ғалат аст, чун вожа арабист ва ҷамъи
"ҷад" аст ва арабҳо
"ж" надоранд.
Вожаи
"афтодан" ба ҳамин сурат, ки мутобиқ ва мувофиқ бо истеъмол ва истифодаи он дар миёни тоҷикон аст, сабт шудааст, вале ишора нашудааст, ки шакли асосӣ ва классики он
"уфтодан" аст ва дар мутуни қарнҳои 10-11 садои аввали вожаро ҳатто бо
"алифу вов" навиштаанд. Бо ин ҳол, дар шоҳидҳои мухталиф вожаро ба шакли
"уфтодан" овардаанд, ки боиси суоли хонандагони камтар огоҳ хоҳад шуд.
ТУТРО БЕД НАБОЯД ФАҲМИД
Андар шарҳу тафсири хато
Дигар аз айбҳои бузурги ин фарҳанг шарҳи иштибоҳӣ, нодуруст ва ғалати калимаву ибораҳост, ки дар зер чун мушт намунаи хирвор баъзеро меоварам:
"Аббосӣ" «киноя аз ранги сиёҳ ба муносибаи он ки хулафои аббосӣ маъмулан либоси сиёҳ мепӯшиданд». Ин шарҳ чандон саҳеҳ нест. Дуруст ин аст, ки вақте ҳаракати аббосиён алайҳи уммавиён оғоз шуд, эшон ранги сиёҳро чун шиор, ранги парчам ва либоси ширкаткунандагони ин ҳаракат пазируфтанд, аз ҷумла лашкари Абумуслим, ки бештар хуросониён буданд, либоси сиёҳ доштанд. Ва чун Аббосиён ноҷавонмардона Абумуслимро куштанд, ҷонибдорони Абумуслим ранги шиор тағйир доданд ва ҷомаи cафед пӯшиданд, чунонки Муқаннаъиёнро сапедҷомагон меноманд.
"Хирқаи (либоси) аброр пушидан либосҳои фохира пӯшидан". Аммо шарҳи саҳеҳи ин фиқра дуруст бар хилофи шарҳи муаллифони фарҳанг аст. Ҷолиб ин аст, ки эшон худ
"аброр"-ро порсоён, солеҳон, тақводорон, накукорон, эҳсонкорон шарҳ додаанд, аммо ҳеч таваҷҷуҳ накардаанд, ки парҳезкору солеҳ либоси фохир намепӯшад ва агар пӯшад, порсову тақводор нест. Ва шоҳидҳои овардаашон аз Байҳақӣ ва Саъдӣ низ муайиди гуфтаи мо ва мухолифи шарҳи онҳост. Чунончи, аз Байҳақӣ: "Ва либоси шарм мепӯшад, ки либоси аброр аст". Албатта
"либоси шарм" "либосҳои фохира" нест! Пас
"хирқаи аброр" ҷомаи сода ва бепироя аст, ки мутобиқ аст бо зиндагии ботавозуъ ва хоксорона.
"Авесто китоби муқаддаси эрониёни бостон ва зардуштиён, ки аз рӯи ривоятҳо дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов навишта шудааст. Дар давраҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён аз нав гирдоварӣ шудааст ва ҳаштоду се ҳазор калима ва гунаи сосонии он яксаду чилу cе ҳазор калимаро дарбар гирифта, аз бисту як наск (фасл) иборат аст".
Маълум нест муаллифони муҳтарам иттилоъи "дар давраи Кӯшониён… аз нав гирдоварӣ" шудани Авесторо аз чӣ маъхазе гирифтаанд, чун ин нукта барои илм сухани тоза аст. Ва чизи дигаре, ки дар ин шарҳ боиси суол мешавад, ин аст, ки пас аз он, ки Искандари Мақдунӣ асли Авесторо сӯзонид, ин китоб ба сурати пароканда вуҷуд дошт, то дар замони Сосониён қисматҳои боқимондаи онро аз нав ҷамъоварӣ карданд. Пас агар ривояти сосонии он яксаду чили се ҳазор калима аст, ҳаштоду се ҳазор калима ба кадом ривояти китоб муртабит аст? Оё ба китоб дар замони Сосониён афзудаанд?
Ва аммо бино ба иттилоъи Ҷалили Дӯстхоҳ - авастошиноси маъруф "Авастои рӯзгори Сосониён 345 800 вожа ва "Занд" (гузориши паҳлавии он) 2 094 200 вожа баровард шудааст; аммо … Авастои кунунӣ бар рӯйи ҳам 83 000 вожа дорад".
Чунонки мебинем, муаллифони фарҳанг зимни шарҳи Авасто иттилоъи мавҷуд дар кутуби илмиро ба ҳам омехта ва ба шакле даровардаанд, ки чизеро аз он наметавон фаҳмид.
Ва аммо шарҳи
"ақли аввал: киноя аз а) фариштаи аввал, ки аз нӯҳ фариштаи дигар пайдо шуда", ҳеч маъное надорад! Умед аст, ки ин ҷумлаи бемаънӣ танҳо натиҷаи хатои техникӣ бошад. Зимнан, ибораи
"ақли аввал", ки зайли моддаи
"аввал" дар саҳифаи 86 омада, дар саҳифаи 258 зайли
"ақл" такрор шуда, ки низ ҷоиз нест ва мухолиф бо асли фарҳангнигорӣ аст.
Дар шарҳи
адабиёти таълифӣ овардаанд: "адабиёт ва осори таҳлил ва омӯзиши махсуси дарсӣ барои илмҳои мухталиф". Ҷумлаи шоҳид низ наметавонад ба дарки ин шарҳи булъаҷаб мусоидат кунад: "Насри ривоятӣ жанри махсуси адабиёти асрҳои миёна буд, ки дар мобайни адабиёти таълифӣ ва фолклор меистод".
Аз чунин шарҳҳои булъаҷаби номафҳум боз як намуна меорам:
"Гирди аҷзо он ки дар перомуни хеш нигарад, он ки ҷонибдори атрофиёни худ бошад"
Ба ақидаи муаллифон:
"Аҳди ҷадид кутубу асфори муқаддас, ки баъд аз Масеҳо навишта шудааст, Таврот, Инҷил" будааст! Барои хонандагони бесаводе, ки шояд низ мисли муаллифони фарҳанги мо намедонанд, мефаҳмонем, ки Таврот аслан ҷузъи Аҳди ҷадид нест, Таврот ё Панҷкитоби Мӯсо, яке аз қисматҳои Аҳди қадим аст, ки ба ойини яҳудӣ тааллуқ дорад. Зимнан, бо он ки дар фарҳанг моддаи
Аҳди қадим мавҷуд аст, шарҳи он бо "замони гузашта, давраи кӯҳна" маҳдуд аст ва дар бораи кутуби дини яҳудият ҳарфе наомадааст, гарчанд асфори дини яҳудро дар қиёс бо чаҳор Инҷили дини насоро Аҳди қадим мегӯянд.
"Амлок" - ро "ҷамъи мулк, мулкҳо…." шарҳ додаанд ва низ
"амлоки ғайриманқула"-ро "молу мулк",
"амлоки маврусӣ"-ро "мулкҳои меросӣ" тафсир кардаанд ва аз ин шарҳҳо пайдост, ки ҳеч тафовуте байни
"мулк" ва
"милк" қоил нестанд. Дар ҳама мавориди боло
"милк" бояд навишт, чи
"милк" дороию сарват, хонаю замин аст ва
"мулк" - кишвар, мамлакат, подшоҳӣ. Ва
"амлок" ба ҷуз ҷамъи
"милк" будан ҳамчунин ҷамъи
"малик" (
подшоҳон; соҳибони милк) ва ҷамъи
"малак" (фариштагон) низ ҳаст.
Маънии дувуми калимаи
"аъвар"-ро "зоғ, кулоғ" шарҳ додаанд, ки ғалат аст ва байте аз Рӯдакиро бо хатоҳои зиёд шоҳиди он овардаанд:
Бувад аъвару кавсаҷу лангу пас ман,
Нишаста бар ӯ чун кулоғу бар аъвар.
Аввалан,
"кавсаҷ" маъние надорад ва дурусти он
"кусаҷ" аст, ки муъарраби
"кӯса" бошад, сониян,
"кулоғу" маъное надорад ва дар маҷмуаҳои ашъори Рӯдакӣ гунаи саҳеҳи вожа:
"калоғе" омадааст ва солисан, дар байти фавқ "зоғ, кулоғ" ҳамин
"калоғ" аст, на
"аъвар". Ин байтро шоир, чунонки дар бархе маъохизи он таъкид шуда, дар мазаммати аспе гуфтааст ва ин байт низ мерасонад, ки шарҳи муаллифони фарҳанг барои маънои аввали вожаи
"аъвар": "одами якчашма" шарҳи чандон дақиқ ва саҳеҳ нест ва "аъвар" умуман якчашм буда (чи одам ва чи дому дад) ва ихтисосан одами якчашм аст. Зимнан бояд афзуд, маънои дувуми
"аъвар" кӯррӯда аст. Ва низ
"кулоғ" дуруст нест ва ин вожаро ҳама фарҳангҳои муътабар ба гунаи
"калоғ" овардаанд.
Дар шарҳи
"андо" (ҷ.надо); ниг.
андия навиштаанд ва байти шоҳид аз Рӯдакӣ овардаанд:
Ба андо намуданд вахшурро,
Бидид он саропо ҳама нурро.
Пас барои он ки ҳам маънои
"андо" ва ҳам мазмуни байти Рӯдакиро бифаҳмем, кофист, ки андаке пилки чашмро бардошта ба болотар нигарем:
"Андия (
ҷ. надӣ// надо) шабнам, шабнами субҳгоҳӣ". Вале чӣ тавр мумкин аст, ки
пайғамбар (вахшур) дар шабнами субҳгоҳӣ намуда шавад. Медонем, ки Рӯдакӣ чунин бемаъно сухан намегӯяд ва ба Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ, таълифи Амон Нуров менигарему мефаҳмем, ки андои Рӯдакӣ будааст: хобе, ки одамони солеҳ ва парҳезгор медидаанд ва маънои байтро ҳам ба содагӣ дарк мекунем.
Дар шарҳи
"ҳаҷҷи акбар" овардаанд: "агар иди Қурбон дар рӯзи ҷумъа иттифоқ афтад, ҳаҷҷи он солро ҳаҷҷи акбар меноманд".
Аммо шарҳи ин таркиб бад-ин содагӣ нест, ки муаллифони "Фарҳанги мукаммал…" пиндоштаанд! Бибинед, ки дар Фарҳанги Амид чӣ омада:
"Ҳаҷҷи акбар: ҳаҷҷи бузургтар. Дар ин маънӣ ихтилоф аст, баъзе рӯзи азҳо ва баъзе рӯзи арафа ва баъзе рӯзи ҳуҷҷатулвидоъро ҳаҷҷи акбар хондаанд. Баъзе дигар гуфтаанд, ҳаҷҷи акбар ҳамон ҳаҷ аст ва ҳаҷҷи асғар умра аст ва умраро барои он ҳаҷҷи асғар номидаанд, ки аъмоли он нисбат ба ҳаҷҷи акбар ноқис аст".
Ва низ таркибҳои саъди акбар ва ҳаҷҷи акбар бояд дар ҳарфҳои
"с" ва
"ҳ" пас аз
"саъд" ва
"ҳаҷ" дода мешуданд, чун маънии асосӣ бо ин вожаҳо аст.
Масали
"Ахгар зери доман пӯшидан" -ро "чизеро пинҳон доштан, шарар дар сина пинҳон кардан" шарҳ додаанд. Ва аммо бахши дувуми шарҳ бемаънист ва бахши аввал ғалат. Баръакс ахгар зери доман пинҳон кардан киноя аз он аст, ки сир ё чизеро дурудароз наметавон ниҳон дошт, зеро чунонки ахгар оқибат доманро хоҳад сӯхт (гуфтаанд:
Ахгар охир оташафрӯзӣ кунад), сир низ ниҳоят ба расвоӣ фош хоҳад шуд. Шоҳиде, ки овардаанд, худ гувоҳ бар ин маънӣ аст: "беш аз ин ахгар зери доман наметавон пӯшид", вале мутаваҷҷеҳ нашудаанд.
"Аҷнабия зане, ки никоҳ бо ӯ ҷоиз аст, зани бегона".
"Аҷнабия" муаннаси "аҷнабӣ" аст, вале дар ҳеч фарҳанги форсӣ ин шарҳи ғарибро пайдо накардам. Ва чун дар байни "зане, ки никоҳ бо ӯ ҷоиз аст" ва "зани бегона" тафовути фоҳиш вуҷуд дорад, ин шарҳ боиси сардаргумӣ машавад ва онро шарҳи дигар мебояд.
Шарҳи
"авбош" зидду нақиз аст. Таваҷҷуҳ фармоед:
"Авбош (
ҷ. вабш - қалбшуда аз бавш) мардуми бадкеш, фурӯмоя, нокас, шӯрапушт, бадахлоқ (
"авбош" қалби "авшоб" буда, аз калимаи "ошӯб" муарраб шудааст").
Айюб 1. пурсабр, пуртоқат. 2. Номи яке аз пайғамбарони қадим, ки бо сабру тоқат дар балою офатҳо вирди забон гаштааст. Аввал бояд маънои дувум меомад, зеро асл аст ва маънои якум, ки маҷозист бояд пас аз он дода мешуд.
Дар моддаи
наҳси акбар (с. 233) мехонем: бадбахтиовари бузург; киноя аз сайёраи Зуҳал, ки дар аҳкоми нуҷум сайёраи наҳс маҳсуб мешавад. Бисёр хуб! Аммо дар с. 585 дар моддаи
наҳси асғар низ омадааст: сифати сайёраи Зуҳал (Кайвон). Хонандаи фарҳанг ба кадоме аз ин шарҳҳо бовар кунад? Аммо ҷолибтар аз ин иштибоҳ шоҳиди он аст:
Пеш аз ин гарчи мардпарвар буд,
Номи Баҳром наҳси асғар буд.
(Саноӣ)
Худи шоҳид наҳси асғарро равшану возеҳ шарҳ дода, вале фарҳангнависони саросемакори мо таваҷҷуҳе ба он накардаанд.
Ва шарҳи саъди акбар, ки "саодати бузург, киноя аз бурҷи фалак" маънӣ шудааст, дуруст нест. Дуруст ин аст, ки
Саъди акбар Муштариро гӯянд, дар муқоиса бо Зӯҳра, ки саъди асғар аст.
Ва зимнан дурусттар ин буд, ки моддаҳои "наҳси акбар",
"наҳси асғар", "саъди акбар" ва "саъди асғар" зайли "наҳс"-у "саъд" дода мешуданд, чун мафҳуми аслии ибораҳо марбут ба ин вожаҳо аст, на ба "акбар"-у "асғар".
"Айғир аспи нари зотӣ, муқ. Байтал". Ва шоҳид: "Ва сарзинати ин айғири зебо як ҷуфт кӯҳон буд, ки дар пушташ чун ду гунбади тира худнамоӣ мекард". Таваҷҷуҳ! Оё касе ҳаст, ки аспе кӯҳондорро дида бошад? Оё аслан аспи кӯҳондор вуҷуд дорад! Пас, сухан дар ҷумлаи боло аз шутур аст ва агар сухан аз шутур аст шарҳи калима нодуруст аст ва шарҳи дуруст ҳамон аст, ки дар Фарҳанги Муъин омада, яъне ба маънои умуман нар ва гушн.
Маънои дувуми
"Айлоқ"-ро пойтахти давлати уйғурҳо донистаанд. Вале нагуфтаанд ин пойтахт дар куҷо ва дар чӣ замоне будааст. Ва албатта, ҷавоб ҳам надоранд, чун шаҳре ва пойтахте ба ин ном аслан вуҷуд надошт ва манзури Манучеҳрӣ низ, ки байти ӯро шоҳиди
"пойтахт будани Айлоқ" овардаанд ҳамон маънои машҳури
"айлоқ" ба маънои чарогоҳ аст, ки туркони кучӣ пас аз зимистонгузаронӣ дар
"қишлоқ" бо гову гӯсфандашон ба он ҷо кӯч мебастанд. Ва низ дар ҳамин байти шоҳид
"муҳри ганҷурӣ"-ро "меҳри ганҷурӣ" хонда ва навиштаанд, ки сахт хатост.
Акнун меоем ба
"аҳволи Гург". Кадом Гург? Намешавад посух дод, ки ҳамон гург, чун бо ҳарфи калон навиштаандаш. Ҷавоби худашонро бо байти шоҳид меоварем: "киноя аз қиссаи Гургин писари Милод (қаҳрамонони "Шоҳнома").
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чӣ шуд аҳволи Гург андар набард.
(Мавлавӣ)
Аммо пур дурӯғ мегӯянд ва намедонам сабаби бофтани ин дурӯғ ва инчунин содалавҳона ба намоиш гузоштани таназзули илми филологияи тоҷик чӣ буда?! Зеро, дар сурати писари Милод будани ин Гург ҳам чун моддаи луғавӣ овардани он на танҳо, ки зарурат надошт, балки мумкин ҳам нест. Дар ин сурат метавон бо сафарбар кардани чанд
"неруи илмӣ" аз мутуни классикӣ, масалан, таркибҳои
"аҳволи" ва
"авзоъи" аз Каюмарс то амир Олимхонро пайдо кард, бо шоҳидҳояшон дар фарҳанг ҷой дод ва танҳо аз ҳамин
"аҳвол" ва
"авзоъ" як ҷилди ғафси 1000 саҳифагӣ мураттаб кард! Аммо, бигзарем, ки ҳоло асли гап дар ин нест. Асли гап ин аст, ки ин Гург, ки ба таваҷҷуҳи хосси муаллифони фарҳанг шарафёб гардидааст, дар воқеъ ҳамон гург аст, ҳамон гургест, ки гӯсфанду гӯсолаҳои мардумро мехӯрад ва яке аз қиссаҳояш дар ҳикояти "Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор" дар дафтари аввали "Маснавӣ" омадааст ва байти боло аз ҳамин ҳикоят аст ва албатта, камтарин иртибот ҳам бо Гургини Милод ва "Шоҳнома" надорад!
(Давом дорад)
Қодири Рустам